Вазири хориҷа вазъи Афғонистонро бо мақомоти баландпояи СММ баррасӣ кард

Ахиран Вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистон мавриди баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмон Владимир Воронков рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон зимни вохӯрӣ дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба тавофуқ расиданд.
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Ҳамзамон, Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк бо Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер дидору гуфтугӯ кард
таъкид кардидааст, ки дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишвари мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон таъкид кард, ки кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бевосита ба мардуми Афғонистон, ба вежа аҳолии вилояти Панҷшер расонида шавад.