ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Сар аз 2 октябр сафар ба Русия барои кудакони то синни 6 - сола маҳдуд карда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори сартабиби давлатии санитарии Тоҷикистон аз 2 октябри соли ҷорӣ бо назардошти онки то 15 сентябр даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар кишвар бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуд, аз ин рӯ сафари кӯдакони то 6 - сола ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирони зидди бемории фалаҷ манъ карда шуд.
Гуфта мешавад, дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардоштӣ то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то синни 6 сола харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Русия бевосита аз Тоҷикистон ва ё тавассути дигар давлатҳо танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи кӯдакони синни то 6 сола бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.
Дар робита ба ин, назорат дар нақлиёту сарҳадот пурзӯр шуда масъулини ин ниҳодҳо вазифадор гардиданд, ки тавассути Нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳи пойтахт, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд аз сафари кӯдакони то синни 6 - сола ҷилавгирӣ карда шавад.
Илова бар ин, дар Нуқтаҳои гузаргоҳҳои заминии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошанд, назорати сафари кӯдакони то синни 6 - сола ба Русия пирзӯр карда мешавад.
Вазорат аз волидоне, ки фарзандони то синни 6 - соларо доранд, даъват намудааст, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакон ба Русия худдорӣ намоянд.