ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Ба нақл аз “Хома” ин ниҳод ахиран 11-ум мизон дар як нишаст хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ин арқом бар асоси як назарсанҷӣ бо ҳузури ҳудуди 1500 хабарнигор дар 28 вилоят анҷом дода шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки 67 дарсади рӯзноманигорон бинобар таҳаввулоти ахир ҷои корро аз даст додаанд ва танҳо 33 дарсади онҳо дар шароити вазнин кор мекунанд.
Ба гуфтаи ин созмон, масоили иқтисодӣ ва молӣ сабаби асосии баста шудани расонаҳо дар кишвар будааст.
Масрур Лутфӣ, мудири шӯъбаи ВАО -и Иттиҳоди Миллии рузноманигорони Афғонистон гуфт: "Воситаҳои ахбори омма, ки бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд, баъзеҳо дар хатар ҳастанд ва баъзеҳо аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намешаванд".
Оқои Лутфӣ афзуд, ки 40 дарсади рӯзноманигорон аз амнияти худ ва боқимонда аз талафи ҷойи кор ва мушкилоти иқтисодӣ нигарон ҳастанд.
Аввали моҳи август “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
15 август ҷангҷӯёни “Толибон”* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд.
Сипас хабар расид, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 август Толибон эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукумати оянда дар Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд.
7 сентябр Толибон рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон карданд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия