ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар як изҳорот ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, тоҷикони муқими Русия хабар додааст, ки ҳоло дар Маскав бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус, нуқтаҳои ваксиназанӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло дар шаҳри Москва ваксиназанӣ барои хориҷиён дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово”, маркази тиҷоратии “Содовод”, варзишгоҳи “Лужникӣ” ва 25 дармонгоҳ (шуъбаҳои пулакӣ) пешбинӣ гардидааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақим ва ё ғайримустақим барои ваксиназанӣ муроҷиат намоянд.
Намояндагии вазорати меҳнат ёдрас шудааст, ки ваксиназанӣ дар шаҳри Москва барои шаҳрвандони хориҷӣ бо вояи яктаркибаи “Спутник - лайт” роҳандозӣ шудааст, арзиши вояи воксина 1300 рубл муодил ба 195 сомонӣ мебошад.
“Шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи иқомат (ВНЖ) доранд барои онҳо эмгузаронӣ ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад”, - илова кардааст манбаъ.