ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд, садамаи маргбор 1-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:00 дар ҳудуди ноҳияи Ашт рух додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", сокини 23-солаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Гулшан, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
"Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири ҳамсолаш, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - хабар дод ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба садамаҳои фоҷиабор, ки ҳамасола садҳо куштаю маҷруҳ барҷой мегузоранд, аз ронандаҳо даъват карданд, ки эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро вайрон накунанд.