ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 мавриди истифода қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мактаби мазкур, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ бунёд шудааст, аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар мактаб барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин гардидааст.
"Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки китобхонаи мактаби №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун буда, ин муассиса инчунин дорои толори маҷлисгоҳ, ошхона ва варзишгоҳи муосир мебошад.