Бердимуҳаммадов гуфт, Афғонистон чӣ гуна метавонад, сармояи бузург ба даст орад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, гуфт, чӣ гуна Афғонистон метавонад беш аз миллиард доллар фоида гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Барои эътидоли вазъ ва рушди иқтиод дар Афғонистон, иштироки ин кишвар дар лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ зарур аст, изҳор дошт раисҷумҳури Туркманистон дар суҳбат бо ТАСС.
"Муътақидам, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо такони бузург барои рушди Афғонистони бародар хоҳанд шуд ва як ҳавасмандӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мебошанд", - таъкид кардаст Бердимуҳаммадов.
Ӯ ба сифати мисол барномаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсиониро мисол овардааст, ки Ишқобод онҳоро амалӣ мекунад.
Наздикии кишварҳои туркзабон бо "Толибон"*: дидори дипломати ӯзбек бо Муттақӣ
Аз ҷумла аз лӯлае ном бурда шудааст, ки гази Туркманистонро ба Осиёи ҷанубӣ интиқол медиҳад. Ба гуфтаи Бердиҳмуҳаммадов, Афғонистон метавонад аз ҳаққи транзити газ беш аз миллиард доллар фоида ба даст орад.
"Дар баробари ин ҳазорҳо ҷойи корӣ дар минтақаҳое ташкил мешаванд, ки ин лӯла аз он ҷо мегузарад", - таъкид кардаст вай.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, феълан миёни Туркманистон, Афғонистон ва Покистон хатти интиқоли барқ ва алоқа бунёд шуда истодааст.
Дар баробари ин аз лоиҳаҳои нақлиётие гуфта шуд, ки имкон медиҳанд, бор аз Афғонистон ба Аврупо интиқол дода шавад.