Ҳукми зиндони марде, ки худро корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гуфт

Як сокини маҳаллии вилояти Хатлон аз шаҳрвандон барои муомилоти замин пул гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Шаҳбоз Абдураҳмонов, сокини вилояти Балҷувонро бо ҷурми қаллобӣ ҳукм ба зиндон кардааст.
Ин мард худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кул.
Ба иттилои манбаъ, Абдураҳмонов аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба бовари Миҷгона Подшоева, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромада, худашро бо номи Саидов Умед, корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 4500 сомонӣ диҳад ва вай бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш ба ин зан қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.
Кор дар мақомоти низомӣ бар ивази 1700 доллар: Суд корманди қалбакии мақомотро ҷазо дод
Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷорӣ ба сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Гулнорой Файзова низ худро корманди дастгоҳи иҷроияи президент гуфта, ваъда додааст, ки ба ивази 10 ҳазор сомонӣ ба ӯ замини наздиҳавлигӣ медиҳад.
Номбурда бо ҳамин усул аз 16 нафари дигар ҳам маблағ гирифтааст.
Дар маҷмуъ Шаҳбоз Абдураҳмонов беш аз 80 ҳазор сомонии сокинонро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.
Додситонии кул гуфтааст, ки додрас Шаҳбоз Абдураҳмоновро бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои “а", "в”, 247, қисми 3, банди “в” ва 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.