Таркишу тирпарронии маргбор дар Афғонистон

Бархӯрди ҷангиёни "ДОИШ"* бо "Толибон"* дар Афғонистон шиддат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар музофоти Парвони Афғонистон силсилаи таркишҳои шадид ба вуқуъ пайвастанд, хабар дод шабакаи телевизионии Afghanistan International.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар шаҳри Чорикор, дар 70-километрии Кобул рух дода, баъди таркиши аввал тирпарронӣ оғоз шудааст.
Дар наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дуди сиёҳ намоён буда, садои тирпаронӣ шунида мешавад.
Afghanistan International мегӯяд, дар Чорикор миёни ҷангиёни "Толибон"* ва "ДОИШ"* даргириҳои шадид миёни "Толибон"* ва "ДОИШ"* сар задааст.
Ҳукуматдорони феълӣ дар ин даргирӣ чор куштаю ду маҷруҳ доранд. Аз ҷониби "ДОИШ"* 3 узви ин созмони террористӣ кушта шудаанд.
Бар асоси иттилои дигар, дар шаҳр даргирӣ миёни "Толибон"* ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон сурат гирифтааст.
Бердимуҳаммадов гуфт, ба ҳамкории зич бо "Толибон"* омода аст
Дар ҳамин ҳол тайи вақтҳои охир даргириҳо миёни "ДОИШ"* ва "Толибон"* афзоиш ёфтааст, ки бо талафи даҳҳо нафар аз ҷониби ҳукуматдорони феълии Афғонистон анҷомидааст.
Роҳбарони созмони террористии "Толибон"*, ки ахиран қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд, эълон доштанд, ки намегузоранд, ҳузури "ДОИШ"* дар ин кишвар густурда шавад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар