Маросими "Нонгазон" ва гусели 430 наваскар аз Душанбе дар як рӯз

Шаҳрдории Душанбе аз гусели 430 наваскар дар рӯзи аввали оғози даъвати тирамоҳӣ дар пойтахт хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳукумати Душанбе аз баргузории "Рӯзи даъваташаванда" хабар дода, афзудааст, ки теъдоди ихтиёриёни хидмат дар артиш рӯзафзун мебошад.
Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуда, аз Душанбе садҳо нафар ихтиёриён дар фазои тантанавӣ ба артиш гусел шуданд.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар маросим мақомдорони бахшҳои гуногун, аз ҷумла низомиёни баландпоя иштирок намуда, таъкид намуданд, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд.
Дар чанд соат Воруху Чоркӯҳ нақшаи даъватро иҷро карданд
"Дар ин маросим, ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас намоиши машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиа ба намоиш гузошта шуда, чун анъана маросими "Нонгазон" сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар анҷоми чорабинӣ, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши театрӣ аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба ҳозирин пешниҳод гардид.