Коргардони маъруфи Русия дар бораи Хоҷа Насриддин филм тасвирӣ мегирад

Коргардони маъруфи рус дар бораи қаҳрамони фолклори тоҷик ва шарқ Хоҷа Насреддин филми тасвирӣ мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 октябрь - Sputnik. Коргардон Тимур Бекмамбетов даст ба таҳияи филми тасвирӣ мезанад, ки қаҳрамони аслии он чеҳраи афсонавии шарқ - Хоҷа Насреддин хоҳад буд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Базелевс”.
Таҳияи лоиҳаи нави тасвирии Тимур Бекмамбетов дар бораи саргузаштҳои қаҳрамони афсонавии Шарқ Хоҷа Насреддин қисман дар Ӯзбекистону Қазоқистон таҳия мешавад.
Барои таҳияи филми тасвирӣ дар ин ҷумҳуриҳо шабакаи мактабхои студияҳои тасвирӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
"Кишварҳои Осиёи Марказӣ Хоҷа Насреддинро эҳтиром ва дӯст медоранд ва бовар доранд, ки ватани ӯ маҳз дар ҳамин ҷой аст. Мо шодем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати KION мо дар бораи саргузашти қаҳрамони маҳбуби афсонаҳо дар ватани ӯ кор хоҳем кард. Шарқ, Осиёи Марказӣ ва рассомони маҳаллӣ низ барои эҷоди филми тасвирӣ масъул хоҳанд буд", - гуфт Бекмамбетов.
Имзои ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон
Филми тасвирии нави "Хоҷа Насреддин" бар пояи достони лӯхтаки сохти Бекмамбетов , ки дар аввали сол дар Театри Миллатҳои Маскав намоиш дода шуд, таҳия хоҳад шуд.
Дар намоиши лӯхтакҳо бо садои Евгений Миронов, Константин Хабенский, Виктор Вержбитский, Чулпан Ҳаматова, Елизавета Боярская ва дигарон ҳарф мезаданд.
Интизор меравад, ки ҳунарпешаҳо дар ин лоиҳаи филми тасвирӣ низ ширкат кунанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки макотиби филми тасвирии ширкати филмбардории Бекмамбетов дар заминаи Миллии кинематографияи Ӯзбекистон ва студияи “Қазоқфилм” кушода мешаванд.
Дар оянда мактабҳо бояд ба студияҳои мукаммал табдил ёфта, на танҳо дар таҳияи филми тасвирӣ дар бораи Ҳоҷа Насреддин, балки дар дигар лоиҳаҳои аниматсионӣ низ иштирок кунанд.
Чунин созиш дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд ҳосил шуд.