ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон нархи як литр гази моеъ, ки 8,5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 7,5 сомонӣ баробар шудаст, аммо нархи як халта орди навъи якум, ки ҳафтае пеш 240 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 280 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.
Манбаъ навиштааст, ки болоравии нархи орд сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро нигарон кардааст.
Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-и ордро дар гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистону Русия – кишварҳои асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ кард.
“Мо ба ҳама корхонаҳо коркарди орд мактуб кардем, бояд хароҷоти аслии онҳоро бифаҳмем, сатҳи миёнаи даромаднокиашонро муайян мекунем. Корхонаҳои коркарди орд дар вилояти Хатлон ҳуқуқ надоранд, ки меъёри даромаднокиашонро аз 10 дарсад боло бардоранд”,-гуфт ӯ.
Фирдавси Маҳмадсаид илова кард: “Мо интизорем, ки онҳо хароҷоти арзиши асилиашонро пешниҳод кунанд, як маротиба мониторинг мегузаронем, ҳар нафаре, ки аз даҳ дарсад меъёри даромаднокиашро боло бурдааст, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар нисбаташон парванда боз мекунем”.
Дар ҳамин ҳол яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.