Ҷудокорон барои Ҷоми Президент ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ зӯрозмоӣ мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барномаи 8-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои гирифтани Ҷоми Президенти ҷумҳуриро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Сабқати ҷудокорон барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 3 - 5 октябри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Кумитаи миллии олимпӣ бо такя ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки дар мусобиқа ба ҷуз аз ҷудочиёни тоҷик, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Русия ва Беларус ширкат меварзанд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки зӯрозмоӣ дар дар 4 вазн - аз ҷумла вазнҳои -66, -81, -90 ва +90 кило миёни мардон баргузор гардида, барои барандаҳои ҷойҳои ифтихорӣ дар маҷмуъ 200 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.
"Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ду ҷойи 3-юм 5000 сомонӣ муқаррар шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо аз соли 2013 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ доир мегардад.
Арзиши тими миллии футболи Тоҷикистон маълум шуд: гаронтарин бозигар Умарбоев
Дар мавриди барномаи мусобиқа зикр шуд, ки 2 октябр соати 20:00 қуръакашӣ сурат мегирад.
Рӯзи 3-юми октябр қувваозмоиҳои дар вазни то 66 кило баргузор мешаванд, ки марҳилаи муқаддамотӣ соатҳои 10:00-14:00 ва марҳилаи ниҳоӣ соатҳои 18:00-20:00 дар назар аст

Қувваозмоиҳои вазни -81 кило 4 октябр ва дар вазнҳои то 90 ва зиёда аз он 5 октябр баргузор мешавад, афзуд Кумита.