Ҳинду Ҷопон ҳавопаймоҳои сохти Русия ва ИМА-ро дар размоиш бо ҳам месанҷанд

Ҳинду Ҷопон бо ҳавопаймоҳои русиягӣ ва амрикоӣ дар размоиши ҳавоӣ рӯбарӯ мешаванд: Чаро?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳавопаймоҳои ҷангандаи тавлиди Русия, Су-30МКИ, ки ба Ҳинд тааллуқ доранд, бо ҳавопаймоҳои Ҷопон - F-35 Lightning II, ки ИМА сохтааст, сабқат мекунанд. Дар ин бора The Drive хабар додааст.
Барои баргузории ҷанги таълимии ҳавоӣ, Ҳинд ҳавопаймоҳоро ба Ҷопон интиқол медиҳад. The Drive мегӯяд, Токио бо ҳамин восита талош дорад, ки имкониятҳои ҷангандаи тавлиди Русияро муайян кунад.
Ҳавопаймоҳои Су-30МКИ феълан дар ихтиёри артишҳои Ҳинд, Русия ва Чин қарор доранд. Ҷопон ба воситаи размоиш бо Ҳинд мехоҳад, ба асроре даст ёбаду имкониятҳои ҳавопаймои ҷангандаи се артиши дунё ошкор кунад.
Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
Қаблан Defence24 иттилоъ дод, ки Ҷопон зимни размоиш бо Ҳинд дастрасӣ ба додаҳои ҳавопаймои ҷангандаи сохти Русияро пайдо мекунад.
Халабон - озмоишгар Анатолий Книшев ахиран дар изҳор дошта буд, ки дар ҷанги Су-75 -и Русия Checkmate ва F-35 бартарӣ дорад. Ӯ бартарии ҳавопаймои русиягиро ба қобилияти беҳтари ҳаракату имкониятҳои радараш рабт дод. Книшев дар зимн таъкид намуд, ки натиҷаи бархӯрди ин ду ҳавопаймо аз сатҳи силоҳҳо ва малакаи халабонҳояшон вобастагӣ дорад.