Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд

Омири амниятии “Толибон”* барои Панҷшер аз дастгир шудани афроди бегуноҳ дар ин вилоят хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии “Толибон” барои Панҷшер мегӯяд, афроде ба ноҳақ ба зиндон афканда ва шиканҷа мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки шикоят аз боздошт ва шиканҷаи афроди бегуноҳ дар Панҷшер ба ӯ расида. Ба гуфтаи вай, дар нисбати мардум набояд зулму истибдод ва беадолатӣ сурат гирад.
Қобили зикр аст, ки “Толибон” пас аз тассалут бар Панҷшер бархе аз бошандагони ин вилоятро водор ба кӯчкашӣ ва бархе афроди мулкиро дастгир, шиканҷа ва ё тирборон карданд.
Ҳамчунин Ҳамид Хуросонӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, касе ҳуқуқи дахолат ба сиёсати ин кишварро надорад.
“Толибон”* сарусадо дар мавриди интиқоли нерӯ ба марзи Тоҷикистонро рад кард
Ёдрас менамоем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон”* (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.
Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар