ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кардааст, ки доктор Салима Раҳмон, табиби муҳоҷири 29-солаи афғонистонӣ барандаи ҷоизаи минтақавии Нансен дар Осиё шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.
Гуфта мешавад, ки хонум Салима Раҳмон ҷоизаи Нансонро барои талошҳояш дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи таҳсилоти духтарон дар ҷомеа ва кумак ба мубориза бо бемории ишемияи дил дар Покистон соҳиб шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки хонум Салима Раҳмон дар соҳаи доягӣ ва гинекология тахассус дорад.
Бояд қайд кард, ки Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамасола ба афрод, гурӯҳҳо ё созмонҳое, ки ба паноҳҷӯён ва бехонумонҳо хидматҳои муфид мерасонанд, ҷоизаи гурезаҳои Нансенро тақдим мекунад.
Ин ҷоиза аз соли 1954 инҷониб дода мешавад.
Ин ҷоиза ба номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели Фридҷоф Нансен, сайёҳ, сиёсатмадор ва донишманди норвегӣ гузошта шудааст.
Нансен ҳамчун аввалин Комиссари олии гурезаҳои СММ барои ҳалли мушкилоти фирориён ва муҳоҷирон кор карааст.