Блогери тоҷикро барои аксҳои таҳрикомез дар назди калисо ҷаримаву депорт интизор аст

Блогери тоҷик ва дӯстдухтари ӯ дар ҳоли ҳозир ба муддати даҳ рӯз ҳабс шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи Замоскворедскии Маскав дӯсти блогери тоҷик Руслан Бобиевро, ки бо ӯ дар аксбардории бадахлоқона дар назди калисои Василий Блаженний иштирок кардааст, ҳабс кард, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти додгоҳ.
Ҳамин тавр, Анастасия Чистова барои даҳ рӯз ҳабс карда шудааст.
"Додгоҳ Чистоваро тибқи моддаи 19.3 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (итоат накардан ба амри қонунии корманди полис) гунаҳкор донист ва ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум кард", - хабар медиҳад дафтари матбуотии ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ.
Инчунин қайд карда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир маводҳои парвандаи блогер ба воҳиди ҳудудии Кумитаи тафтишот интиқол дода шудаанд.
Гуфта мешавад, Бобиев низ барои даҳ рӯз ҳабс карда шуда, пас аз он ӯро аз Русия ихроҷ мекунанд ва ӯ низ бояд ҷарима ба маблағи даҳ ҳазор рубл пардохт кунад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, Бобоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси беодобонаеро нашр кардааст, ки дар он дӯстдухтараш либоси мақомоти пулисро ба тан кардааст.
"Дигар намекунам"- узрхоҳии блогери тоҷик барои аксҳои таҳрикомез дар назди калисои Маскав
Ин аксҳо бо навиштаҷоти "Кодекси меҳнат Кодекси ҷиноятӣ нест, онро вайрон кардан мумкин аст", нашр шуданд.
Худи ҳамон рӯз, пас аз дар интернет пайдо шудани аксҳо Бобоев аз ҷониби пулиси Маскав боздошт шуд.
Ҳамзамон дар расонаҳо видеое паҳн шуд, ки дар он Бобиева бахшиш мепурсад ва ваъда медиҳад, ки "дигар ин тавр нахоҳад кард".
Гуфта мешавад, Руслан Бобоев дар Дарвоз ба дунё омада, дар мактаби миёнаи №6, деҳаи Ёгеди ноҳия таҳсил кардааст. Ӯ аз Тоҷикистон ба Сочи ва аз он ҷо ба Маскав омада, ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дохил шудааст.