Раиси вузарои “Толибон”: Ҳеҷ кас ҳақ надорад, дар шаҳри Кобул вориди хонаҳои мардум шавад

Муло Ҳасани Охунд, раиси вазирони кобинаи сарпараст дар фармоне дастур додааст, ки тамоми нерӯҳои низомӣ аз хонаҳои шахсии мардум ба қароргоҳҳоияшон бираванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Мулло Ҳасан Охунд, раиси вузарои “Толибон”* (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) ҳамчунон дар як фармони дигар дастур додааст, ки ҳеҷ кас иҷозаи вуруд ба хонаҳо ва ширкатҳо дар шаҳри Кобул ва ҳавмаҳои онро ба баҳонаи бозрасӣ васоили нақлия ва таҷҳизот надорад.
Тибқи фармон, ҳеҷ кас ҳақ надорад вориди хонаҳо шавад ва бо худ мошин ё таҷҳизот бигирад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Кобул шикоят мекарданд, ки ҷангҷӯёни “Толибон”* бо ҳар баҳона вориди хонҳои мардум мешаванд ва бо худ мушинҳову дигар дороиҳоро мебаранд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Шоҳин: Давлати Кобул вуҷуд надорад, намояндаи воқеии мардуми Афғонистон "Толибон"* аст
Ёдрас мешавем, ки шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт. Рӯзи 6 сентябр Толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояте, ки таҳти контроли ин гурӯҳ набуд, бо ҷангҳои шадид таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки роҳбарии он бар души Муҳаммад Ҳасан Охунд гузашт, ки дар давраи ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.