Ташкили 19 ҳазор ҷои кор дар вилояти Суғд

Вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки то охири соли равон дар ин минтақа 18,9 нафар бекоронро бо кор таъмин кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Қарор аст, дар соли 2021 дар вилояти Суғд 18,9 ҳазор бекорон бо ҷои кор таъмин гарданд, иттилоъ додааст Sugdnews.com.
Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, ки то моҳи августи соли 2021 агентии давлатии шуғли аҳолии Суғд барои шуғли тақрибан 13,4 ҳазор нафар кумак расонидааст.
"Аз шумораи умумии шаҳрвандон, 11678 нафар тавассути ярмаркаҳо ё тавассути тамос бо мақомоти шуғли аҳолӣ соҳиби кор шуданд", - гуфтанд дар раёсат.
Қайд карда мешавад, ки 1,1 ҳазор нафари дигар тибқи квотаи корӣ ба корҳо гуногун ҷалб шуданд ва ба 550 нафар шаҳрвандон имтиёзҳо дода шудааст.
Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд
Илова бар ин, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ (тақрибан 24,6 ҳазор доллар) қарзи имтиёзнок дода шуд.
Қарзҳо дар се бахш дода шуданд: барои тиҷорати хурд, хизматрасонӣ ва истеҳсолот.
Аз оғози сол дар Суғд 193 ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд, ки пас аз он 3,4 ҳазор бекорон ҷои кор пайдо карданд.