Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Шоҳин: Давлати Кобул вуҷуд надорад, намояндаи воқеии мардуми Афғонистон "Толибон"* аст

Сухангӯи дафтари “Толибон”* дар Қатар мегӯяд, ки давлати Кобул (давлати қаблӣ) дигар вуҷуд надорад ва “Толибон”* намояндаи воқеии мардум аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари “Толибон”* дар Қатар дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки ин гурӯҳ акунун тамоми иҷозаи давлати Афғонистонро дар ихтиёр дорад ва танҳо намояндаи воқеии мардуми ин кишвар астИттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Шоҳин, ки аз сӯи гурӯҳи “Толибон”* ба унвони намояндаи Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид муаррифӣ шуда, мегӯяд “давлати Кобул дигар вуҷуд надорад”.
Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Миллали Муттаҳид бо тақозои ин гурӯҳ барои муаррифӣ намоянда дар ин Созмон мувофиқат накарда аст.
Ёдрас мешавем, ки шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт. Рӯзи 6 сентябр Толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояте, ки таҳти контроли ин гурӯҳ набуд, бо ҷангҳои шадид таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Амрико бохти худ дар ҷанги Афғонистонро эътироф кард
Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки роҳбарии он бар души Муҳаммад Ҳасан Охунд гузашт, ки дар давраи ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.