ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар роҳи мошингарди шаҳри Ваҳдат пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷон бохтааст.
Бар хабари дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марҳум зери чархи мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон аз даст доданд.
Ҳодисаи нохуш шаби 29 сентябр, тахминан соати 00:05 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ронандаи 41 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат аснои ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Гулхан ба сати кӯчаи А. Ҷомӣ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа ӯ пиёдагари тахминан 30-35 - соларо пахш намудааст.
Манбаъ меафзояд, пиёдагард аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан шахсияти марҳум дақиқ мешавад ва аз рӯи ҳодиса ба амаломада тафтишот идома дорад.