ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Душанбе додситони куллӣ Русия, Игор Краснов қарор дорад. Номбурда бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Юсуф Раҳмон барои ду рӯз меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Бар хабари Додситонии кулли Русия, дар Бӯстонсарои ҳукумати мулоқоти додситонҳои ҳар ду кишвар баргузор гардид.
Зимни сухбат Игор Краснов ба ҳамкории фаъолонаи ду додситонӣ таъкид кард ва қайд кард, ки дар заминаи афзоиши хатарҳои ҷиноии дорои хусусияти фаромиллӣ, он аҳамияти хоса касб мекунад. Ӯ ба ноамниҳо дар афғонистон таъкид намуда гуфт, "бӯҳрони ин кишвар хавфҳои ҷиддиро ба бор овард, ки ба тамоми минтақаи АвруОсиётаъсир мерасонад".
Ба боварии Краснов террорстон метавонанд зери ниқоби паноҳанда вориди кишварҳои ИДМ гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ниҳодҳои назоратӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи генералии Русия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2025 - ро ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки Игор Краснов дар раъси як ҳайат шоми 29 сентябр вориди Тоҷикистон шуд ва ӯро дар фурудгоҳи пойтахт додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон пешвоз гирифт.