Имзои боз як санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Байни иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ахиран миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ миёни иттифоқҳои касабаи ҳар ду давлат Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба имзо расонид.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст, ки санади мазкур барои тақвияти ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ ёдрас мешавад, ки ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон санаи 24-26 сентябр ба Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Имзои ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон
Дар ин сафар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилла Рафиқов, роҳбарони иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти кории иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва технопарки шаҳри Тошканд, ки 16 корхонаи истеҳсолиро дар бар мегирад, ошно шуданд.