ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Яккачини занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо ҳисоби бузург аз бонувони ветнамӣ шикаст хӯрд.
Бозии даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Ветнам шоми 29 сентябр доир гашта бо ҳисоби 0:7 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт.
Ҳамин ӣтариқ бо бохти бузург, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз идомаи мусобиқа дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё маҳрум гардид.
Тими Ветнам бо ин пирӯзӣ ба финали Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат ёфт, ки дар он ҷой бо дастаи мунтахаби занонаи Индонезия рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба карда буд.