Додситони кулли Русия ба Душанбе омад

В Душанбе рабочим визитом прилетел Генеральный прокурор Российской Федерации Игорь Краснов
Игор Краснов бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мулоқот хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки Краснов бо даъвати додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба пойтахти Тоҷикистон омадааст.
Қарор аст рӯзи 30 сентябр додситони кулли Федератсияи Русия бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кунад.
Участие Генерального прокурора Республики Таджикистан Я.А. Рахмона в 31-м заседании Координационного совета генеральных прокуроров государств-участников СНГ в Республике Казахстан
Юсуф Раҳмон аз хатарҳои Афғонистон гуфту бо Ӯзбекистон барномаи ҳамкорӣ имзо кард
Дар ин мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти прокуратура ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон бояд дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ санади дуҷониба имзо кунанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар доираи сафари Краснов ба Душанбе ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.