ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, қарори ин раёсати ин бонк дар ин хусус 24 сентябри соли равон ба имзо расид.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид аз 6 сентябри соли 2021 ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ қайд кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 28 декабри соли 2016 аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамзамон раёсати Бонки миллӣ, Департаменти назорати бонкиро вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудитӣ дар ташкилотҳои қарзии молӣ сабти дахлдорро ворид кунад.
Ёдрас менамоем, ки тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 ширкати аудитӣ фаъолият мекунад.