Боз қаллобӣ дар мошинбозор: Соҳиби мошин худравашро аз даст дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти боз як мавриди қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти милиса бо иттиҳоми қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин ҷавони 25-солаеро боздошт кардаанд.
Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино марди 37-сола, сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ҳанӯз 1-уми августи соли 2020 ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб аз ӯ як автомашинаи тамғаи "Волсваген-Таврек"-ро нася гирифтааст.
Зиндонӣ шудани як соҳибкор барои напардохтани андоз дар Леваканд
Харидори муттаҳам дар қаллобӣ мошинро 50 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, нася гирифтааст ва баъдан онро фурӯхтааст, аммо пули соҳиби мошинро барнагардондааст.
ВУД-и Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар мавриди қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши худравҳо дар Тоҷикистон майли афзоиш доранд. Бархе аз харидорон ба бовари моликони мошин даромада, худравҳоро нася мегиранду арзон мефурӯшанд, вале пулро ба соҳибони мошинҳо барнамегардонанд.