Оғози амалиёти “Толибон”* алайҳи ДИИШ дар Кобулу Нангарҳор

“Толибон”* аз оғози амалиёт алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ* дар Кобулу вилояти Нангарҳор хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, ки “Толибон”* амалиёт алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ* дар вилоятҳои Кобулу Нангарҳори Афғонистонро оғоз намуд.
Мақомоти "Толибон" иддао доранд, ки нерӯҳои онҳо амалиёти зидди ДИИШ*-ро дар вилоятҳои номбурда оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, 18 сентябр дар Ҷалолобод, пойтахти Нангарҳор таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа се нафар кушта ва 19 тани дигар маҷруҳ шуд.
Пештар дар таркиши истгоҳи автобус ду сокини осоишта кушта ва як толиб низ маҷруҳ шуда буданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Гурӯҳи террористии ДИИШ* масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт.
22 сентябр дар Ҷалолобод чанд таркиш ва ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа 5 нафар, аз ҷумла ду узви гурӯҳи “Толибон”* кушта шуд.
Дар бораи таркишҳо ва қурбониён 25 сентябр хабар дода шуда буд.
*-созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия