ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Суҳайл Шоҳин мегӯяд, намояндаи қаблии Афғонистон дар СММ пуштибонии мардумро надорад.
"Намояндаи феълӣ Афғонистон ва мардуми онро намояндагӣ намекунад. Мо ҳимояти мардумӣ ва тасаллут барои тамоми қаламрави Афғонистонро дорем. Мақоми Афғонистон дар СММ ин ҳаққи мост. Мо умедворем, ки ҳама инро дарк мекунанд, ин далели раднопазир аст",-изҳор доштааст Шоҳин дар суҳбат бо "РИА Новости".
Ҳафтаи гузашта Фарҳон Ҳақ, намоядаи дабири кулли СММ изҳор дошт, ки "Толибон"* бо ирсоли як мактуб ба СММ изҳор доштанд, ки Ғулом Исҳоқзай, ки аз ҷониби ҳукумати қаблӣ таъйин шудааст, дигар намояндаи Афғонистон дар ин созмон нест. "Толибон"* таъкид кардаанд, Муҳаммад Суҳайл Шоҳин намояндаи нав дар СММ аст.
Қаблан Ғулом Исҳоқзай "Толибон"-ро танқид кард, ки ҳукумати ташкилкардаашон ҳамашумул набуда, аъзои созмон ба нақзи ҳуқуқи башар даст мезананд.
Интизор меравад, ки масъалаи намояндагии Афғонистонро Кумитаи СММ дар бахши санҷиши салоҳиятҳо ҳал кунад.
Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар