ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақомоти шаҳри Истаравшан, бо назардошти вазъи саломатӣ Обидӣ Фарҳод аз вазифаи сардухтури Беморхонаи марказӣ озод ва ба ҷойи ӯ Аббосзода Далер таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Истаравшан.
Тибқи иттилои манбаъ, Аббосзода Далер 21 апрели соли 1986 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ва соли 2011 интернатураи клиникиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон гузаштааст.
Ӯ солҳои 2011-2015 дар Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ фаъолият намудааст.
Мавсуф солҳои 2015-2016 табиби муолиҷавӣ дар шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи марказӣ ва дилшиносӣ буд.
Вай аз моҳи июли соли 2017 то имрӯз дар вазифаи сардори муассисаи давлатии Маркази байниноҳиявии дилшиносии шаҳри Истаравшан фаъолият мекард.