ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шуғнон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, изҳор дошт, ки ҳамаи шумо аз вазъи ноорому печида ва ҳар лаҳза тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастед.
"Дар чунин шароит вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ рушди соҳаи варзиш, машқу тамрин ва оммавигардонии онро омили бисёр муҳимми солимии ҷисму рӯҳ хонда, афзуд, ки варзиш ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву тахрибкор боз медорад.
Раҳмон муҳим хондааст, ки нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва созандагӣ, яъне ба манфиати Ватан ва ҷомеа равона шавад.
Роҳбари Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми ноҳияи Шуғнон анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ дар рушди давлат саҳми арзанда мегузоранду ба дастовардҳои бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.