ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сарулибоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буда, ҳамчунин ба ҳар як кӯдак китоби “Пешвои миллат” тақдим гашт.
Мақомдорони Шуғнон иттилоъ додаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони ятим сарулибоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.
"Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 нафари дигар кӯдакони маъюбиятдошта буданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ятимон ва ақрабояшон изҳор доштааст, ки давлату ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгирашон хоҳад буд.
Кӯдакон ваъда додаанд, ки дар оянда барои рушду инкишофи Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.