ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Аз нархи рекордӣ дар бозори фючерсии Аврупо дар лаҳзаҳои аввали оғози савдо хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба додаҳои ICE Futures хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи шохиси голандии TTF, нархи газ аз 992 доллар оғоз шуда, аллакай то соати 10:10 (бо вақти Маскав) ба 1030 доллар расид.
Рекорди қаблӣ 15 сентябр сабт шуда буд. Он замон нархи ҳазор метри мукааби газ ба 963,9 доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Нархи газ дар Аврупо тайи ҳафтаҳои охир беш аз якуним баробар афзоиш ёфтааст. Рӯзи 1-уми сентябр ҳазор метри мукааби газ бо нархи 614 доллар фурӯхта мешуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҷаҳиш ба нигарониҳо аз камбуди эҳтимолии газ дар бозор рабт доранд, чун захира дар анборҳо кам гуфта мешавад.
Инчунин афзоиши талабот дар пайи барқароршавии иқтисод ба вуҷуд омада, омили обуҳавоӣ низ дар ин ҷо нақш дорад, изҳор медоранд таҳлилгарон. Аз далоили дигар таъминоти маҳдуди газ аз ҷониби калонтарин таъминкунандаи Аврупо - "Газпром" арзёбӣ мегардад.