ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. БМТ мегӯяд, ҳич тасмими ташкили асъори рақамии бонки марказӣ ё худ CBDC-ро надорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як раддия хабар додааст, ки бо ширкати "Fantom Foundation" дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ҳеҷ гуна шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва чунин тасмим ҳам надорад.
"Маълумот дар бораи ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд",-омадааст дар раддия.
БМТ таъкид намудааст, ки аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба "Fantom Foundation" мактуб ирсол намудааст.
Ин раддия дар ҳолест, ки ахиран дар бархе сомонаҳо бо такя ба "Fantom Foundation" хабарҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо гуфта мешуд, ин бунёд дар якҷоягӣ бо "Ориёнбонк" ва Бонки миллӣ сари ташкили асъори рақамӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла зикр мешуд, ки блокчейни "Fantom" барои ташкили асъори рақамии Тоҷикистон интихоб шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб намуд.