ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ ва коргардони кино Стивен Сигалро ба 13-умин ҷашнвораи кино ба даъват кардаанд.
Ҳунарманд, продюсери амрикоӣ Стивен Сигал ва ҳунарпешаи итолиёӣ Франко Нерон дар 13-умин Ҷашнвораи байналмилалии кино "Роҳи Абрешим дар Тошканд" меҳмони фахрӣ хоҳанд буд.
Дар ин бора ташкилкунандагони кинофорум хабар додаанд.
Дар доираи ин ҷашнвора Стивен Сигал барои синамогарони ҷавон дарсҳои ҳунарӣ ва коргардонӣ мегузаронад. Вай ҳамчунин аз Самарқанд дидан ва дар маросими ифтитоҳи кинотеатри "Family Park" иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки бо номи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ҳам машҳур аст, қаблан, ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар солҳои истиқлоли Ӯзбекистон дар ин кишвар баргузор мешуд.
Қарор дар бораи азсаргирии ҷашнвораи киноро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи июни соли 2021 қабул кард. Форум аз 28 сентябр то 3 октябр баргузор мешавад.