ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Профессор, коршиноси масоили сиёсӣ Дмитрий Евстафиев дар суҳбат бо "Telegram-канал"-и радиои Sputnik шарҳ дод, ки чаро "Толибон"* Тоҷикистонро ба дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам мекунад.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон бо бозигарони умдаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико машваратҳои зиёди сиёсӣ мегузаронад.
Маҳз ҳамин омил нишон медиҳад, ки чаро "Толибон"* ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти Душанбе манфиатдоранд.
"Ин масъалаи дигар аст, ки Тоҷикистон ба кишваре монанд нест, ки тавонад барои "Толибон"* хатар эҷод кунад. Аммо "Толибон" эҳтимол таҳдиди ташаннуҷ дар марзро эҷод мекунанд",-мегӯяд сиёсатшинос.
Иддаои "Толибон"* дар ҳоле садо дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳад кард, вале барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад.
Вай пешниҳод кард, ки "тариқи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар сохтори қудрат муайян карда шавад" ва бори дигар ба ташкили ҳукумати фарогир даъват кард.
"Толибон"* ахиран хабар дод, ки ҳазорон ҷангии нерӯҳои вижаро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки ҳамарз бо Тоҷикистон аст, фиристодааст.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.