ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо тавсиф аз ҳунарнамоиҳои сокинони ин ноҳияҳо дар бахши фарҳангу варзиш ва иродаи матини онҳо изҳори боварӣ намудааст, ки ба ҳимояи сулҳу оромӣ ва дастовардҳои кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ гуфт, даҳҳо нафар аз фарзандони маъруфи онҳо барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон, дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин боло бурдани шуҳрати варзиши Тоҷикистон хидмати басо арзишманд кардаанд.
Ӯ дар идома аз вазъи печидаи минтақа гуфта, зарурати омодагӣ барои ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудаст.
"Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, хусусан бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай даъват кардааст, ки сокинон бо заҳмати содиқона Ватану диёри худро боз ҳам ободу пешрафта намоянд. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон феълан идома дорад.