Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ овард

Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, пас аз тасарруфи қудрат аз сӯйи "Толибон"* суботи нисбӣ дар Афғонистон таъмин шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, бо тасаллути қудрат аз сӯйи "Толибон"* феълан нишоне аз ҷанг нест.

"Бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва истиқрори "Толибон"* дар Афғонистон субот дар ин кишвар барқарор шуда, нишонае аз ҷанг нест",-иқтибос кардааст Sputnik Афғонистон аз суҳбати Қурайшӣ бо нашрияи "Ню-Йорк Таймс".

Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди воқеӣ аст.
Изҳороти ин мақоми покистонӣ дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор инфиҷорҳое рух дода, даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ДОИШ* ба уҳда гирифтааст.
Таъкид мешавад, ки пас аз омадани "Толибон"* ба қудрат дар Афғонистон тайи беш аз як моҳи охир фақр, бекорӣ, гуруснагӣ ва оворагӣ афзоиш ёфт.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сиёсатшинос шарҳ дод, ки чаро "Толибон"* алайҳи Тоҷикистон "силоҳ гирифтаанд"
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар