ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Дар Русия боз як муҳоҷири ҷавони тоҷик ба таври фоҷиабор даргузашт. Хабаргузории "Znak.com" хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи нохуш дар маркази дилхушии "Мегаполис", дар шаҳри Челябинск иттифоқ афтодааст.
Ба иттилои манбаъ, ин муҳоҷири тоҷикистонӣ рӯзи шанбе дар ошёнаи дуюми ин марказ машғул ба кор буд. Ӯ бояд як деворро аз байн мебурд, вале ин девори хиштӣ ба болояш фурӯ рехт.
Дар натиҷа муҳоҷири тоҷик дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Феълан Кумитаи тафтишотӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Қаблан бар асари бархӯрди мошини муҳоҷирини тоҷик ба сутуни роҳ дар шаҳри Новосибирск се шаҳрванди Тоҷикистон сӯхта, ҳалок шуда буданд.