ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз корхонаи "Таҷ-эт"-ро ба истифода дод, ки ба бандубасти маҳсулоти ғизоӣ машғул мебошад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз фаъолсозии боз 7 корхонаи нави саноатӣ дар назар аст.
Дар мавриди корхонаи "Таҷ-эт" таъкид шудааст, ки он ба банду басти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лубиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ машғул мешавад.
Бо такя ба иттилои масъулони корхона зикр шудааст, ки он дар як моҳ метавонад 500 тонна маҳсулот ва дар як сол то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро банду баст намояд.
"Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нав 24 нафар, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд",-таъкид кардаст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки дар ноҳияи Дарвоз бо фаъол гардидани се корхонаи нав дар як рӯз шумораи корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ акнун ба 16 адад баробар шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз соҳибкорон барои дастгирии сиёсати давлат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар миннатдорӣ кардааст.