ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки роҳбари давлат дар ноҳияи мазкур дар гузашти низомӣ иштирок намуд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарбозонро бо солгарди истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, саҳми афсарону сарбозонро дар таъмини сулҳу суботи кишвар назаррас арзёбӣ намудааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хидматчиёни ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва хидматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хидмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, пас аз суханронии сарвари давлат гузашти низомӣ ва намоиши техникаи ҳарбӣ сурат гирифт.
Гузашти низомӣ бо иштироки ду ҳазор афсару сарбоз, 50 техника ва муҳимоти ҷангӣ баргузор шуд.