Бархӯрди маргбори "Опел"-ҳо: Ҳар ду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори ду мошини "Опел" хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта рух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бархӯрди ду худрав дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бо марги ронандаҳояшон дар ҷои ҳодиса анҷомид, иттилоъ дод ВУД.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 09:10 дақиқа ба вуқуъ пайвастааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Ҳукматуллоев Нуралӣ, соли таваллудаш 1950 ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе сӯйи шаҳри Кӯлоб ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда Ғоибов Шарифхон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст", - омадааст дар иттилоия.
Cокини Қубодиён дар садамаи “Лексус”-и рабудааш фавтид
Дар матлаб омадааст, ронандаи 71-солаи "Опел", ки дар роҳ сӯйи Кӯлоб будааст, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави таҳти идораи ронандаи 41-сола бархӯрдааст.
ВУД мегӯяд, дар натиҷа ронандаҳои автомашинаҳои мазкур Ҳукматуллоев ва Ғоибов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ изҳор медоранд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.