"Толибон"* риштарошию мӯйсаргирӣ бо усулҳои мӯдро мамнуъ кард

Дар музофоти Ҳилманд аъзои ҳаракати "Толибон"* ришгириро барои мардон мамнуъ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. "Толибон" гирифтани мӯйи сар ба шеваи салиқавӣ ва гирифтани ришро барои мардон мамнӯъ кардаанд, хабар дод РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, чунин тасмим дар музофоти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон эълон шудаст.
Масъулини Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ки "Толибон"* онро таъсис додаанд, дар мулоқот бо сартарошҳо дар шаҳри Лашкаргоҳ нозукиҳои нави мӯйу ришгириро тавзеҳ додаанд.
Инчунин дар амрномае, ки нусхааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шудааст, таъкид гардидааст, ки мусиқӣ дар сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн садо надиҳад.
Масъуд: Ҷангро таҳмил накардаем, ҳамеша дари музокираро боз гузоштаем
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар