ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии "Толибон"* ба ҷангиёни ин ҳаракат дастур додааст, ки афроди дастандаркор дар қочоқи оҳанро ба кишварҳои ҳамсоя таҳти пайгард қарор диҳанд. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, равнақи содироти оҳани куҳна аз ин кишвар баъди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар моҳи август оғоз шуд.
Ишора шудааст, ки нерӯҳҳои амрикоӣ бо арзиши даҳҳо миллион доллар мошинолоту таҷҳизҳотро раҳо карданд. Таъкид гардидааст, ки ин олоту таҷҳизот мавриди таваҷҷуҳи фурӯшандаҳои оҳану маҳсулоти филизӣ қарор гирифтаанд.
Комиссиюни аморати исломии эълонкардаи "Толибон"* содироти оҳанро мамнӯъ кард, аммо дар амал ин қарор рияо намешавад, таъкид шудааст дар матлаб.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар