ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Марди 40-солаи сокини Душанбе ба идораи милиса муроҷиат намуда, арз доштааст, сокини 34-солаи пойтахт аз ӯ маблағ гирифта, ба иваз хонаашро ваъда кардааст, аммо на пулу на хонаро надодааст.
ВУД аз қавли муроҷиаткунанда хабар додааст, ки ҳодиса моҳи октябри соли 2019 рух дода, марди муттаҳам аз ҷабрдида 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиашро медиҳад. Аммо на хонаю на маблағашро надодааст.
Инчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштаст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисор аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки муттаҳам пулро гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом хонаи истиқоматӣ медиҳад, аммо фиреб додаст. Дар мавриди маблағҳо ВУД изҳор доштааст, ки онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.