ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маъракаи эмгузаронӣ дар саросари Тоҷикистон идома дорад. Дар дурдасттарин минтақаҳо низ сокинон дар ин маърака фаъолона иштирок доранд.
Директори маркази иммунопрофилактикии ноҳияи Лахш Ҳалим Шарифов ба агентии Ховар хабар додааст, ки 9 564 нафар сокинони ноҳияи Лахш алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтанд.
Ба изҳори ӯ, аз моҳи май бо ворид шудани 1184 воя ваксини "AstraZeneca" ваксинзании кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон оғоз ёфт.
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки моҳҳои июл ва август 16 440 воя ваксинаи "Модерна" ва 15 000 вояи ваксинаи "Синавак" ба ноҳия ворид шуд. Феълан низ дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ идома дорад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр шумораи нафарони воксингирифта дар кишварро 2 307 140 нафар арзёбӣ кард.
Ин ниҳод афзуд, ки феълан 1 565 281 нафар вояи дуюми воксин алайҳи коронавирусро гирифтаанд ва маъракаи иммунизатсия ҳамоно дар кишвар идома дорад.
Қайд гардидааст, ки дар шаҳри Душанбе аллакай 99,6 дарсади сокинон ваксин гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии мегӯяд, худи шаҳрвандон ба маъракаи воксгирӣ беаҳамият нестанд ва "бо масъулияти зиёд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустӣ барои гирифтани воксин муроҷиат мекунанд.