ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон вуҷуди ихтилофро дар сафи муборизони ҷабҳа рад кардааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷабҳа бо нашри як изҳорот таъкид кардааст, ки Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон бо муқовимат розӣ асту ҳеч эътирозе надорад. Таъкид шудааст, ки феълан дар ҷабҳаи муқовимат ҳеч ихтилофе мавҷуд нест.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд баъди ғасбкориҳои "Толибон"* дар Афғонистон ташкил шуда, таъкид мекунад, ки алайҳи ин ҳаракати зӯргӯю тамомиятхоҳ барои дифоъ аз арзишҳои инсонию динӣ истиодагарӣ хоҳад кард.
Латифи Пидром, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон аст.
"Аҳмад Масъуд дар Душанбе нест, вай дар дохили Афғонистон аст ва дар манотиқи мухталиф рафтуомад дорад. Гуфтаҳое пайдо шудааст, ки гӯё ӯ ба Душанбе омадааст, аммо на, чунин чизе нест, ӯ ҳоло ҳам дар дохил аст", - иттилоъ дод ахиран Пидром.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар