“Толибон”* зиёратгоҳи Сахӣ дар Кобулро бастанд

"Толибон”* дарвозаҳои зиёратгоҳи Сахӣ, ки дар маҳалаи Сахии Кобул ҷойгир аст бастанд ва монеъи зиёраткунандагон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. “Толибон”* бо баҳонаи он, ки зиёрат намудан ширк буд, дарвозаҳои зиёратгоҳи Сахиро дар шаҳри Кобул бастанд ва вуруди зоиронро ба зиёратгоҳ манъ карданд.
Зиёратгоҳи Сахӣ, ки дар маҳалаи Ҷамолминаи минтақаи Сахӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон воқеъ аст, дер боз як оромгоҳи ҷамъиятӣ ва хусусӣ буд. Заминаҳои таърихии он аз замони ҳукмронии Аҳмадшоҳи Абдуалӣ рост меояд.
Хирқаи Муборак (9) моҳ дар ҳамон маконе, ки фаъолони зиёратгоҳ Сахӣ астба манзури зиёрат зоирин гузошта шуд, ки баъд аз интиқол ба қандаҳор гунбади аввали он сохта шуд ва ба зиёратгоҳи Сахӣ шоҳ Мардон номгузорӣ шуд. ҳамсола дар аввали моҳи ҳаммал, парчами ҷашни Наврӯз дар ин макон бо шараф ва маросимҳои махсуси ҳукуматӣ бардошта мешуд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
Гумбади дуввуми онро соли 1919 модари Амонхон ба шарофати истиқлолияти Афғонистон сохтааст.
Ҷолиб он аст, ки зиёрати Сахӣ танҳо бо шиъаҳо маҳдуд намешавад, балки ҳар сол садҳо ҳазор суннӣ мазҳабҳо аз саросари Афғонистон аз ин макон дидан мекунанд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст