Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

“Толибон”* ҷангҷӯёнашро ба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон карданд

Гурӯҳи “Толибон”* беш аз ҳазор ҷангҷӯ ва нерӯҳои махсусашроба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. “Толибон”* эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсусри худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Даҳҳо нирӯҳои вижаи Имороти Исломӣ (низоми сиёсии худкомаи Толибон) дар вилояти Тахор даҳҳо ҳазор нерӯҳои вижаи “Толибон”*, ки ин минтақа фиристода шуданд ҷойгир карда шудаанд", - гуфт сухангӯи ин гурӯҳ Забеуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифаи Твиттериаш.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ин тадбир барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ сурат гирифтааст.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои давлатӣ дар Афғонистонро афзоиш доданд ва санаи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, баровардани оммавии шаҳрвандони киварҳои ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Аҳмад Масъуд: "Толибон"* Афғонистонро ба макони терроризми ҷаҳонӣ табдил доданд
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт. Рӯзи 6 сентябр Толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояте, ки таҳти контроли ин гурӯҳ набуд, бо ҷангҳои шадид таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки роҳбарии он бар души Муҳаммад Ҳасан Охунд гузашт, ки дар давраи ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.