ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Манобеъ дар вилояти Ҳирот тасдиқ кард, ки як гурӯҳи “Толибон”* чаҳор нафарро, ки ба одамрабоӣ муттаҳам шуданд дар ҳузури мардум ба дор овехтанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Омоҷ.
Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, чаҳор одамрабо дар чорроҳаи Мостофит, Човк Голха, Дарби Малик ва Дарби Ироқ ба дор овехта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони расмии “Толибон”* то ҳол дар бораи ин ҳодисаҳо ҷузъиёт надодаанд.
Ин эъдомҳо баъд аз он сурат мегиранд, ки Нуриддин Торабӣ, сарпарасти идораи зиндонҳои давлати ҷадиди “Толибон”* ахиран ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфта буд, ки буридани дасту пой як омили пешгирӣ аз ҷиноят аст.
Вай афзуд, ки кобина дар бораи иҷрои ҳукм ба таври оммавӣ қарор қабул мекунад ва нақшаи худро эълон хоҳад кард.